Чеварони наврас
Душанбе, 04.05.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм 30 апрели соли равон озмуни ҷумҳуриявии «Чевари гулдаст» доир гардид, ки дар он намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Сардовари озмун Амина Мансурова, корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорату истеъдоди чеварони наврасро баҳогузорӣ намуда, гуфт, ки ҳамаи чеварон маҳорати баланд нишон дода, дар оянда маҳорати хешро боз ҳам сайқал хоҳанд дод ва расму русум ва ойинҳои миллиро бо шаҳомати хосса эҳё менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар « аз Кумитаи кор бо занон ва оила иттилоъ доданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






