Ҷаласаи фаврӣ дар назди Р. Раҳимзода
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Масъалаҳои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ имрӯз, 30 июн дар ҷаласаи фаврии назди вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласа бо иштироки сардорони раёсатҳо ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо аҳли ҷомеа корро дар ин самт пурзӯр намуда, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва қонуншиканиҳо фаъолият намоянд.
Ҳамчунин дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як силсила супоришҳои мушаххас дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






