Амалиёти бераҳмонаи террористӣ дар пойтахти Яман
Душанбе, 30.06.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар пойтахти Яман шаҳри Санъо амалиёти террористӣ рух дод: силоҳбадастон дар назди дармонгоҳи ҳарбӣ мошинеро таркониданд. Мувофиқи маълумоти охирин, бар асари ин ҳодиса, 35 нафар, асосан занону кӯдакон ҳалок гардиданд..
Масъулияти таркишро гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» ба дӯши худ гирифтааст. Тибқи маълумоти Агентии «Франс Пресс», манзили ду бародар, роҳбарони гурӯҳи шӯришгарони ҳусӣ ҳадафи ин хамла қарор гирифта буд.
Аз ин пеш, 26 июн, дар корхонаи тавлиди газҳои саноатии Фаронса таркиш рух дода буд. Террористе, ки бо парчами ифротиёни исломӣ вориди корхона шуда буд, ба даст афтид. Ҳангоми таркиш чанд нафар захмдор шудаанд, ки теъдоди онҳо муайян карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






