Беш аз 42 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтор
Душанбе 30.06.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар се рӯзи охир аз ҷониби Раёсати оташхомӯшкунии Вазорати корҳои дохилии кишвар 8 ҳолати сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз 42 ҳазор сомонӣ зарар ворид кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ 27 июни соли равон дар хонаи истиқоматии марди 29-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа дар масоҳати 24 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки зарари расонидашуда 8500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар хонаи истиқоматии марди 67-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 3 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки зарари расонидашуда 1800 сомониро ташкил медиҳад.
Рӯзи 28-ум низ бинои ёрирасони умумии сокинони ноҳияи Спитамен дар масоҳати 48 метри мураббаъ оташ гирифтааст, ки зарари расонидашуда 4500 сомониро ташкил дод.
Сабаби сар задани ҳамаи сӯхторҳо расиши кӯтоҳи ноқилҳо ва ё нодуруст истифода кардани ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






