Боздиди А. Иброҳим аз рафти корҳои сохтмонии шаҳраки навбунёди Дарбанд
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Муовини Сарвазири мамалакат Азим Иброҳим бо рафти корҳои сохтмонию барқарорсозӣ ва ободонӣ дар шаҳраки навбунёди Дарбанди ноҳияи Нуробод шинос шуд.
Шаҳраки Дарбанд, барои аз минтақаи зериобшаванда кӯчонидани аҳолӣ ва маркази маъмурии ноҳия пешбинӣ шуда, дар масоҳати 42 гектар бунёд мегардад. То ҳол дар шаҳрак зиёда аз 16 биною иншооти гуногуни вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, фаъолияти босамар доранд.
Дар ҷаласаи ситоди сайёри корӣ муовини Сарвазир аз фаъолияти рӯзмарраи вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии «Мудирияти зериобшавандаи НБО-и «Роғун»» ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вобаста ба иҷрои корҳои бунёди иншооту биноҳои маъмурию хизматӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷаласа барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонию барқарорсозии иншоот ва муассисаҳои зертобеъ роҳбарияти вазоратҳои нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмимоӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои меъморӣ ва сохтмон, ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, ШСХК «Барқи Тоҷик», Раёсати «Тоҷикматлубот» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» вазифадор карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






