Дастури Каримзода Т. ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҶДММ «Хонаи умед»
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва раисони шаҳраку маҳаллаҳо мактуб ирсол намуд, ки муҳоҷирони меҳнатиро минбаъд барои гирифтани сертификати забони русӣ ба ҶДММ «Хонаи умед» роҳнамоӣ кунанд.
Тибқи супориши сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир ҷиҳати ҳамкорӣ бо ҶДММ «Хонаи умед» барои гирифтани сертификати забони русӣ ба масъулини Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастур дода шуд.
Бино ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ, дар айни замон аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳоҷират 1000 адад роҳхат омода шуда, байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақсим мешавад. Дар роҳхатҳо муҳлати гирифтани сертификат, суроға ва телефонҳои ҶДММ «Хонаи умед» нишон дода шудааст.
Дар самти гирифтани сертификати забони русӣ ва мусоидат ба муҳоҷирони меҳнатие, ки вуруди дубораашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъ шудааст, ҳамкорӣ бо ҶДММ «Хонаи умед» идома доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






