«Дурахшон»-макони солимгардонии кӯдакон дар Файзобод
Файзобод, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»,Субҳониддини Маҳмуд).-Барои истироҳатгоҳи «Дурахшон» аз ҳисоби буҷаи ноҳияи Файзобод дар соли 2015 170 ҳазору 275 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки аз ин ҳисоб 122 ҳазору 960 сомонӣ барои хароҷоти мол, хизматрасонӣ ва хариди таҷҳизот пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора Ҷунайдулло Холов, сардори истироҳатгоҳи «Дурахшон»- и ноҳияи Файзобод хабар дод.
Дар ноҳия ситоди ноҳиявии » Тобистон-2015 » ташкил гардида, истироҳатгоҳи кӯдаконаи ноҳия «Дурахшон» таъмир ва навсозӣ шуд. Дар он барои таълиму тарбия ва истироҳату фароғати кӯдакон шароити беҳтар фароҳам оварда шудааст. Инчунин бо мақсади дуруст ва дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати тобистона ва солимгардонии кӯдакон ва наврасон истироҳатгоҳ бо асбобҳои техникӣ, компютер, телевизор, магнитофон, асбобҳои кинонамоишдиҳӣ таъмин мебошад. Дар айни ҳол 121 нафар кӯдак дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» ба тарбия ва истироҳату фароғат фаро гирифта шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






