Файзи истиқлол аз ваҳдат аст
Душанбе 26.06.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятӣ-байналмилалии Фонди “Диалоги Авруосиё” чанде пеш китоби “Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо” нашр гардид. Китоби мазкур дар партави асару мақолаҳо ва суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст.
Дар боби аввали китоб зери унвони “Ваҳдат — омили муттаҳидсози миллат” суханрониҳои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ваҳдат, сулҳ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҷой гирифтааст.
Дар боби дуюми китоб мақолаҳои олимони тоҷик оид ба нақши барҷастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғибу тавсифи ваҳдат, таҳаммулгароӣ ва фарҳанги сулҳ ҷой дода шудаанд. Мақолаҳои Нодир Одилов “Роҳбаре бо хиради хусравонӣ”, Мирзошоҳрух Асрорӣ “Ваҳдат — арзиши муқаддасу азиз”, Меҳмон Бахтӣ — “Файзи истиқлол ва ваҳдат” ва дигарон дар ин бобат таҳия шудаанд.
Роҳбари Ташкилоти байналмилалии фонди “Диалоги Авруосиё” Эмсал Коч дар муқаддимаи китоб навиштааст: “Кӯшишҳои Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расидан ба сулҳу ваҳдат манзури оламиён гардид. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаро омӯхта, дар ҳалли бӯҳронҳои сиёсӣ истифода менамояд”.
Китоб ба 18-умин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






