«Найрангҳои шӯртанмоҳӣ» дар Остона
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- «Найрангҳои шӯртанмоҳӣ»-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар аввалин Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Куралай» ширкат меварзад. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивали мазкур аз 28-уми июн то 3-юми июли соли равон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Муаллифи намоишномаи «Найрангҳои шӯртанмоҳӣ» Владимир Маслов буда, таҳиягари он Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зафар Ҷаводов мебошад.
Гуфта мешавад, ки ин фестивал ба роҳбари бадеии театри Остона Куралай Ешмуратова бахшида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






