Нуробод: Корвони ваҳдат, сулҳу дӯстӣ
Нуробод, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»,Субҳониддини Маҳмуд).-Дар рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ » Корвони ваҳдат, ҷавонон созандагони ватан » ба ноҳияҳои минтақаи Рашт, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод расид. Корвони мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонони назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сипарӣ шуда, ба он 160 нафар ҷавони ҷумҳурӣ ҳамроҳ буд. Меҳмононро роҳбарон, фаъолон ва мардуми ноҳияи Нуробод истиқбол намуданд. Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир меҳмонон ва тамоми сокинони ноҳияро бо иди Ваҳдати миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки Сарвари давлат ба чавонон эътимоду боварии нек дошта, онҳоро неруи созандаю қувваи пешбарандаи чомеа ва ояндаи миллату давлат хондааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Нуробод Гулрухсор Неъматова иттилоъ дод








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






