Ситоиши Ёрдамчии Президент аз роҳбарияти нави АМИТ «Ховар»
Душанбе, 30.06.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз 30 июн зимни суханронӣ дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳбарияти нави Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-ро ситоиш кард. Тавре сомонаи tojnews.tj иттилоъ медиҳад, Абдуҷаббор Раҳмонзода Иттифоқи нависандагонро аз надоштани сомона интиқод карда, аз раҳбарияти нави Иттифоқ хостаст, ки дар интернет сомона боз намоянд ва осори адибонро дар он ҷой диҳанд. Ӯ аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-ро мисол овард, ки дар 10 рӯз сомонаи хабаргузориро нав кардаанд. Тарҳи нави сомонаи “Ховар” зоҳиран аз сомонаи қаблии он фарқ дорад. Сомонаи “Ховар” бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ фаъол шуда, рӯзҳои наздик мавод бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ низ ҷой дода хоҳад шуд. Ояндаи наздик ба кор даровардани бахши чинӣ ҳам дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






