14 русто дар Файзобод тағйири ном кард
Душанбе, 21,07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аъзои Маҷлиси миллӣ 21 июл номи 14 деҳаи ноҳияи Файзободро тағйир доданд. Дар ин росто деҳаи Шулашак ба Себистон, Биникулута ба Файзрез, Қурӯғ ба Навбаҳор, Тиён ба Кӯҳсор, Бунгакиён ба Дурахшон, Қашқараҳа ба Орифон, Қалошӣ ба Баҳористон, Қошқарӣ ба Сино, Тақназарӣ ба Сомониён, Кулул ба Чорбоғ, Қулобод ба Хуросон, Калшодӣ ба Шифобахш, Сеқишлоқа ба Себзор ва Ҳайтак ба Гулафшон иваз карда шуд. Деҳаҳои мазкур аз маҳалҳои сераҳолии Файзобод маҳсуб шуда, дар ҳудуди деҳоти Бӯстон, Файзобод, Чашмасор, Мискинобод, Вашгирд ва Меҳробод ҷойгир мебошанд.
Ин тадбир дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳияи Файзобод сурат гирифт.
Муҳаммадюсуф Имомов -раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ мегӯяд, ки ҳадаф аз табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар гиромидошти таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ҳифзи асолати забони модарӣ ва мувофиқ намудани амали номгузорӣ дар иртибот ба риояи меъёрҳои забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






