170 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ кӯчонида шуд
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шаш моҳи соли 2015 аз минтақаҳои хавфноки экологӣ 170 хоҷагӣ кӯчонида шуда, дар мавзеъҳои бехавф бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардид. Аз ҷумла дар ВМКБ ба 12 хоҷагӣ, дар вилояти Суғд ба 30 хоҷагӣ, дар вилояти Хатлон ба 107 хоҷагӣ, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 21 хоҷагӣ қитъаи замин ҷудо гардид .
Тавре ки сухангӯи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ иттилоъ дод, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, барои аз минтақаҳои хавфнок кӯчонидани 350 хоҷагии муҳоҷири экологии дар ин мавзеъҳо ҷойгир буда, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар қитъаҳои ҷудо гардида сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҷониби муҳоҷирон идома дорад.
Инчунин муҳоҷирон аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират бо қарзи имтиёзнок ва кумаки якдафъаинаи моддӣ таъмин гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






