19 деҳаи ноҳияи Вахш табдили ном кард
Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллӣ номи 19 деҳаро дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон тағйир доданд. Тибқи он номи деҳаи Препадная ба Шаршара, Сафедов ба Сафедоб, Ленинград ба Зархез, деҳаи 50-солагии Комсомол ба Чорбоғ, 1 май ба Нуробод, Қараланг ба Деҳқонобод, Қизилтумшуқ ба Файзбахш, Янгиобод ба Истиқлол, Яккадин ба Гулбоғ, Қушқудуқ ба Иттифоқ, Томчӣ ба Лолазор, Куйканак ба Меҳробод табдил дода шуд.
Инчунин номи деҳаҳои Қазоқон ба Пистазор, Дунғизадир ба Баракат, Қучқорбулоқ ба Офтобрӯя, Учбулоқ ба Сечашма, Қарабодом ба Гулибодом, Тераклитоғ ба Орзу ва Тошробод ба Дӯстӣ иваз гардид. Деҳаҳои мазкур дар ҳудуди деҳоти Рӯдакӣ, 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, Тоҷикобод, Ваҳдат ва Машъали ноҳияи Вахш воқеанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






