210 кӯдаки аз офат осебдидаро ба Суғд мебаранд

Июль 24, 2015 11:48

Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-25  июл 210 кӯдаку наврасе, ки дар натиҷаи офати табиии 17-уми июл бехона монда буданд, ба вилояти Суғд оварда мешаванд. Тавре ки зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорова гуфт, ин гурӯҳи меҳмонон аз се ноҳияи офатдидаи ҷануби кишвар- Шуғнон, Ванҷ ва Рашт оварда мешаванд.
Дар нақша аст, ки 100  кӯдаку навраси аз ноҳияи Шуғнон омада дар лагери “Шоҳин”-и шаҳри Қайроққум,  60 сокини ноҳияи Ванҷ ва 50-нафар зарардидаи офати табиии ноҳияи Рашт дар лагери “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойгир шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи обхезие, ки 17-уми июл ба миён омад, даҳҳо хонавода дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон бесарпаноҳ монданд. 
Аз ин рӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иқдом гирифтааст ҳамчун рамзи дастгирӣ ва башардӯстӣ 210 кӯдаку наврасро дар марҳилаи оғози таҳсил вобаста ба синнашон ба мактабҳо ва дигар муассисоти таълимӣ ҷалб намоянд. Инчунин хароҷоти либос, лавозимоти хониш ва боқимонда масрафи ин гурӯҳро мақомоти вилоят ба зимма гирифтааст. 

 

 

 

 

Июль 24, 2015 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд