4 млн. 621 ҳазор сомонӣ — маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ
Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» фаъолияти кории худро бо ду шакл- суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмӣ амалӣ мегардонад. Имрӯз корхона аз рӯи 28 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст, ки 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 15 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Сатторӣ Аловуддин Мирзо иттилоъ дод.
Дар нимсолаи аввали соли равон барои ҳамаи намудҳои суғурта 29 миллиону 911 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишудаи ҳамин давра дар умум 103 фоиз ва аз рӯи намудҳои ихтиёрии суғурта 138 фоиз иҷро гардид.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи суғуртавии воридгардида, ба буҷетӣ ҷумҳурӣ 4 миллиону 621 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд, ки аз он 1 миллиону 885 ҳазор сомониро пардохтҳои суғуртаи иҷтимоӣ ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






