43 донишҷӯи ДДОТ тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунад
Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар соли равон тибқи квотаи президентӣ аз манотиқи гуногуни кишвар дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 43 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуд. Дар ин хусус ректори донишгоҳи мазкур Носирҷон Салимӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки зиёда ба 5 ҳазору 333 нафар донишҷӯи бахши рӯзонаи донишгоҳ беш аз 600 нафар омӯзгор, ки аз он 39 нафараш доктори илм, профессор, 3 нафар доктори илм, дотсент, 7 нафар номзади илм ва профессоранд, дарс мегӯянд.
Инчунин дар донишгоҳи мазкур 7 ҳазору 150 нафар донишҷӯ дар бахши ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишгоҳ дорои 13 факулта буда, дар онҳо аз рӯи 57 номгӯи ихтисос мутахассис тайёр мешавад. Шумораи кафедраҳои тахассусӣ 44 адад буда, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ба 8 адад мерасад. Инчунин донишгоҳ дорои боғи агробиолабораторӣ мебошад, ки он дар майдони 20,5 гектар доман паҳн кардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар донишгоҳ аз кишварҳои хориҷӣ 16 нафар донишҷӯ дар бахшҳои мухталиф таҳсил дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






