5-6 июл: 8 ҳодисаи ғарқшавӣ

Июль 7, 2015 11:38

Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзҳои 5-6 июли соли ҷорӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи ғарқшавии одамон бо оқибатҳои нохуш ба қайд гирифта шудааст. 
Дар ноҳияи Конибодом  сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Пулотони ноҳия ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Сир” аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Духтарчаи 2-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара аз беназоратии волидайнаш ба ҷӯйбори қафои ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст. 
Сокини 45-солаи ноҳияи Рашт ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сурхоб”-и  ноҳияи мазкур аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади марҳум чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Писарбачаи 11-сола аз ноҳияи Рашт ҳангоми моҳигирӣ ба дарёи “Сорбоғ” афтида, фавтидааст.
Сокини 22-солаи ноҳияи Рашт, донишҷӯ, ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Варзоб”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ аз беэҳтиётӣ об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Данғара ҳангоми оббозӣ дар кӯли ҳудуди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст. Барои дарёфти ҷасади шаҳрванд чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми бо ҳамроҳии модараш дар лаби дарёчаи “Ҷавҷӣ”-и ноҳия қарор доштан аз беаҳамиятии модараш ба дарё афтида, ғарқ шуда, фавтидааст.

 

Июль 7, 2015 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш