70 донишҷӯ ройгон забони чинӣ меомӯзад
Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар», Андар Раҳмонӣ).- Дар Маркази забону фарҳанги чинии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 70 донишҷӯи фаъоли донишкада ба тариқи ройгон ба омӯзиши забони чинӣ фаро гирифта шуд. Дар ин бора директори донишкада, доктори илмҳои иқтисодӣ Иномҷон Аминов зимни нишасти хабарие, ки имрӯз, 29 июл доир гардид, иттилоъ дод.
Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки Маркази забону фарҳанги чинӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришоти Сарвари давлат оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва донандаи се — чор забони хориҷӣ ифтитоҳ шудааст.
Ба иттилои Иномҷон Аминов, бо мусоидати сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ва Маркази Конфутсийи Ҷумҳурии Мардумии Чин як омӯзгори чинӣ — Ян Сяоюй барои омӯзонидани забони чинӣ ба донишкада омадааст ва аз оғози соли равон ба донишҷӯён забони чинӣ меомӯзонад.
Зимнан, Донишкадаи иқтисод ва савдо муассисаи олии кишвар буда, аз нигоҳи дастрасӣ ба технологияҳои муосир ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Донишкада аз ҷиҳати пояи моддиву техникӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо буда, дорои 550 компютери ба шабакаи баландсуръати интернет пайваст, синфхонаи интернетӣ бо 50 компютери замонавӣ ва китобхонаи электронии муҷаҳҳаз бо 30 компютер бо фарогирии 50 ҳазор китобу дастури таълимӣ ва 17 тахтаи электронӣ аст. Инчунин ҳамаи кафедраҳо бо проектору ноутбукҳо таъминанд, ки ин ба гузаштани дарсҳо ба таври электронӣ мусоидат мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






