72 хайма барои аҳолии зарардида

Июль 22, 2015 05:39

Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Соати 11:20 дақиқаи рўзи 21 июл  ҷасади  3 шаҳрванде, ки  20 июли соли 2015 сол дар деҳаи Рави ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ тахминан соатҳои 21.30  бо мошинаи  тамғаи «Старекс» зери сел монда буданд дарёфт шуда, ба хешу наздиконашон супорида шуд.  Кофтукови 2 ҷасади дигар идома дорад. Дар ин бора котиби матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов хабар дод.
Дар ноҳияи Ванҷ корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.   Дар  километри 450-уми  роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар мавзеъи Лугади  ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ ҳоло барои барқарор намудани самти роҳи мазкур 3 техникаю механизм фаъолият дорад. 
Ҳоло корҳои тозакунӣ бо ҷалби1 адад боркунаки  роҳсозӣ дар км-и 453, 455-уми деҳаи Баравни ноҳияи Ванҷ  идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки  дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ, рўзи 20 июл  тахминан соати 22;35 дар натиҷаи боридани борон аз дараи Роғ  сел фаромада, ба заминҳои наздиҳавлигии 2 хоҷагӣ таҳдид кард.
Бар асари фаромадани сел роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб дар км 666-и деҳаи Деҳмиёнаи ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон маҳкам гардида, бо ҷалби 1 адад техника тоза карда шуда, самти роҳ кушода шуд.
Ҳамзамон дар мавзеи офатзадаи ҷамоати деҳоти Сучон деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон хати барқ дар мавзеъи мазкур барқарор карда шуда, деҳа пурра бо барқ таъмин гардид. Корҳои барқароркунӣ дар самти  роҳи мошингард идома доранд.
Дар мавзеи шаҳрчаи хаймавӣ 72 хайма барои аҳолии зарардида шинонида шуда, аҳолии зарардида дар онҳо ҷо ба ҷо шуда, аз тарафи хадамоти дахлдор бо оби нӯшокӣ, хўроки гарм, бо барқи автономӣ таъмин шуданд. 
Дар км-и 540-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ  дар деҳаи Барўшони ҷамоати  Назаршо  Додхудоеви ноҳияи Рўшон,  ки дар натиҷаи фуромадани сел  роҳи мошингард маҳкам гардида буд, бо ҷалби  1-адад боркунак ва 1-адад булдозер роҳи мошингард кушода шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ   бар асари фаромадани сел дар деҳаи Бардараи ҷамоати Басиди ноҳияи Рўшон  се хонаи истиқоматии шаҳрвандон  зери сел  монда, зарар дида буд. Аз тарафи комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия маблағи зарар муайян шуда истодааст. 

Июль 22, 2015 05:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид