9,6 дарсад зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар шаш моҳ
Душанбе, 29.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли алюминий 64 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 9,6 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода имрӯз зимни ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи вазорат иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Ҳикматуллозода, дар назар аст ин нишондод то охири сол дар ҳамбастагӣ бо нақшаи чорабиниҳои корхонаи истеҳсолӣ афзоиш ёбад. Ҳамчунин ӯ гуфт, бо назардошти нақшаҳои пешбинигардида дар ҳамбастагӣ бо корхона дар соли оянда ҳаҷми истеҳсоли алюминий то ба 190 ҳазор тонна ва дар соли 2017 ба 270 ҳазор тонна расонида шавад, яъне ҳар сол 20-25 алюминий дарсад зиёд истеҳсол карда хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






