93 медал аз олимпиадаҳои байналхалқӣ дар шаш моҳ
Душанбе, 7.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар дар шаш моҳи соли равон хонандагони тоҷик аз олимпиадаҳои байналхалқӣ сазовори 93 медал- 20 медали тилло, 22 нуқра ва 51 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 медал зиёд аст.
Гуфта мешавад, ки ҳамасола хонандагони болаёқати мо дар олимпиадаҳои байналхалқӣ, ки дар давлатҳои Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Африкои Ҷанубӣ, Амрико, Туркия, Руминия, Булғория, Ветнам, Корея, Индонезия баргузор мегарданд, иштирок мекунанд ва бо дастовардҳои илмии худ шараф ва Парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






