А. Бобоев: 10 корхонаи истеҳсолӣ соҳиби сертификати назорати сифат шуд
Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сардори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд Аюбҷон Бобоев зимни нишасти матбуотии марказ гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ самти асосии фаъолияти Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд идомаи татбиқи барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015 буд. Тибқи маълумоти бахши низоми идораи сифат дар соли 2015 бояд дар 20 корхонаи истеҳсолии вилоят низоми идораи сифат ҷорӣ мешуд, ки иҷрои он фақат дар ду корхона таъмин гардид. Тибқи гузориши сардори Марказ дар давоми як соли охир бо 32 субъекти хоҷагидор, берун аз барнома, шартнома оид ба ҷорӣ намудани низоми идораи сифат дар асоси талаботи мавҷуда баста шуда, дар 9 субъекти хоҷагидор корҳо ба анҷом расонида шуданд ва дар 23 субъекти хоҷагидор корҳо ҷараён доранд. Аюбҷон Бобоев афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон 10 корхонаи истеҳсолии вилояти Суғд соҳиби сертификати ҷорӣ намудани назорати идораи сифат (НИС) гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






