А. Исматзода: роҳбарони баъзе хоҷагиҳо ҷазо дода шуданд
Душанбе, 21.07.2015. (АМИТ Ховар, М. Темурзода).-Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрўз боиси ташвиши роҳбарияти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст, ин ҷойгир кардани чорво дар чарогоҳҳои мавсимии заминҳои фонди давлатии ҷангал ба ҳисоб рафта, он яке аз манбаҳои асосии даромади ҷангал дар аксарияти хоҷагиҳои агентӣ маҳсуб мешавад. Фаъолияти бисёр хоҷагиҳоро дар ин самт қаноатбахш арзёбӣ кардан мумкин нест ва барои содир кардани камбудиҳо дар ин самт роҳбарони як силсила хоҷагиҳо дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҷазо дода шуданд,- изҳор дошт Исматзода Азизулло Убайдулло, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
А. Исматзода ҳамчунин зикр намуд, ки масъалаи рушди хоҷагии ёрирасон, тайёр кардани маҳсулоти худрӯи ҷангал ва кишоварзӣ аз вазифаҳои афзалиятноки ташкилоту муассисаҳои агентӣ ба ҳисоб рафта, он барои беҳтар намудани шароити кормандон ва дар ин замина барои тараққиёти босуботи соҳаи ҷангал дар маҷмўъ нақши муҳим мебозад. Ҷиҳати афзоиш додани ин самти муҳими соҳаи ҷангал аз ҷониби хоҷагиҳои ҷангал корҳои муайян ба сомон расонда шудаанд.
То ҳолати 1 июли соли равон дар ташкилоту муассисаҳои агентӣ ба миқдори 140,3 тонна чукрию сиёҳалаф ва дигар маҳсулоти ҷангалу кишоварзӣ истеҳсол намуда, иҷрои нақша дар агентӣ таъмин гардид,- илова намуд директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






