А. Ғоиб: пӯсти мурғ ба ҷойи «раствор глюкоза» ворид шудааст
Душанбе, 14.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Абдуфаттоҳ Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки кормандони Хадамоти мазкур мошинеро боздошт намудаанд, ки 23 тонна пӯсти мурғро ғайриқонунӣ ворид кардааст.
Раиси хадамоти гумрук Абдуфатоҳ Ғоиб имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ аз воридоти маҳсулоти ғайристандартӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфт: ҳарчанд Хадамот бо мақомоти дахлдор корҳои фавриро пеша мекунанд, аммо ин ҳолатҳо рух медиҳанд. Ӯ афзуд, ки соҳибкоре 23 тонна пӯсти мурғро аз кишвари Эрон дар ҳоле вориди Тоҷикистон мекард, ки дар ҳуҷҷатҳои ба кормандони гумрук пешниҳодкардааш «раствор глюкоза» сабт шудааст.
— Ин соҳибкори алоҳида пӯстҳои мурғро ба Тоҷикистон барои шаҳрвандон ворид кардааст, дар ҳоле ки онро берун аз Тоҷикистон барои ҳайвонҳо истифода мебаранд ва он ҳатто барои ҳайвонҳо ҳам зарар дорад, чунки пур аз заҳр аст, -гуфт раиси Хадамоти гумрук ба хабарнигорон.
Ба таъкиди Абдуфатоҳ Ғоиб баъзе маҳсулоте, ки ба кишвар ба таври ғайристандартӣ ворид мешаванд, аз нодуруст пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои маҳсулоти воридотӣ мебошанд. Маҳсулоте, ки ғайриқонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд, яъне ба ҷои қолин- макарон сабт мегардаду ба ҷои гӯшт дигар маҳсулот, ба манфиати ҳарду ҷониб аст-иброз дошт раиси Хадамоти гумрук зимни нишасти имрӯза.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






