Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввал
Душанбе, 23.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 5 млрд. 415,5 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи гузашта ба 114,2 дарсад баробар шуда, афзоиш дар 6 моҳ 860,9 млн. сомониро ташкил дод.
Тавре ки дар ин бора дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар иттилоъ дода шуд, дар саноати истихроҷ дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 683,3 млн. сомонӣ (12,6%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 3 млрд. 379,2 млн. сомонӣ (62,4%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) маҳсулот истеҳсол гардидааст.
-Аз рўи нишондиҳандаҳо дар нимсолаи якуми соли 2015 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳо таъмин гардида, дар саноати ангишт 106,3%, саноати маъдани кўҳӣ 148,7%, саноати масолеҳи сохтмон 139,9%, саноати сабук 100,5%, саноати мошинсозӣ 134,9%-ро ташкил додааст,- зикр гардид имрӯз, 23-уми июл дар нишасти матбуотии вазорат.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






