Афзоиши истихроҷи ангишт дар ҶСК «Ангишт”-и Шӯроб
Хуҷанд, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Дар коргоҳҳои истихроҷи ангишти вилояти Суғд, аз ҷумла дар коргоҳи “Ангишт”-и ноҳияи Исфара истихроҷи ангишт торафт зиёд мегардад.
Тавре ки ба “АМИТ Ховар” аз маъмурияти ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Ангишт”-и шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара иттилоъ доданд, ҷомеаи меҳнати коргоҳи мазкур иҷрову муқаррароти нақшаи шашмоҳаи соли ҷориро барзиёд таъмин намуда, ба миқдори 27 ҳазору 520 тонна ангишт истихроҷ намуд, ки ин нисбат ба нишондоди ҳаминдавраи соли гузашта 1 264 тонна зиёд аст.
Дар ин давра корхона 216 ҳазору 660 тонна ангиштро ба маблағи умумии беш аз 5 млн. 169 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузоштааст, ки беш аз 90% нақшаро ташкил мекунад.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҶСШК “Ангишт” то имрӯз барои сари вақт дастрас намудани ангишти хушсифат бо якчанд ташкилоту коргоҳҳои шаҳри Исфара, аз ҷумла ташкилоти буҷетии шаҳр барои 1872 тонна ангишт, бо ҷамъияти матлубот барои 1100 тонна, бо комбинати масолеҳи сохтмонӣ барои 5000 тонна ва корхонаи истеҳсоли сементи шаҳр барои 2000 тонна ангишт шартнома ба имзо расонидааст.
Алъон дар миқёси Суғд 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дорад, 3-тои он дар ноҳияи Айнӣ, 2 коргоҳ дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ва 1 коргоҳ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. Аз ин шумора коргоҳҳои “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ва ҶСК “Ангишт”- ноҳияи Исфара аз зумраи калонтарин конҳои истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар маҳсуб мешаванд. .








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






