Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа фаъолияти нимсолаашро натиҷагирӣ кард
Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи агентӣ аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якуми соли 2015 доир гардид.
Оид ба натиҷаи фаъолияти агентӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ муовини якуми директори агентӣ Назокат Одиназода маърӯзаи ҳисоботӣ намуд.
Директори Агентӣ Сафаралӣ Наҷмудинов дар мавриди ҳалли масоили ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2015 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2015, аз ҷумла иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ барои пардохти саривақтии нафақа, таҳлили дурусти талаботи нафақа, шаффофияти таъйини нафақа, бартараф намудани қарзи андози иҷтимоии инфиродӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судбахш бо мақомоти андоз, оҷонсиҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар кори ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Сангов ва намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






