Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Финляндия рафт
Душанбе, 02.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар иҷлосияи 24 -уми Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо/САҲА/ ширкат меварзад. Иҷлосияи мазкур аз 4 то 8 июл дар пойтахти Финляндия -шаҳри Хелсинки доир гардида, вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Олимҷон Салимзода, Саидҷаъфар Исмонов ва Гулбаҳор Турсунова кишвари моро дар ин чорабинӣ намояндагӣ мекунанд. Иҷлосия ҷашнӣ буда, он ба санаи ба имзо расонидани санади Хелсинки дар соли 1975 бахшида шудааст. Дар фарҷоми иҷлосия Эъломияи Хелсинки қабул мешавад, ки он фарогири маҷмӯи тавсияҳо барои САҲА ва кишварҳои аъзои он дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳуқуқи инсон мебошад.
Ассамблеяи парлумонии САҲА соли 1992 созмон дода шуда, парлумонҳои 57 кишвари ҷаҳон, давлатҳои Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолиро, ки аъзои САҲА-анд, дар худ муттаҳид менамояд. Қароргоҳи Ассамблеяи парлумонии САҲА Копенгаген /Дания/ буда, муддати як сол аст, ки Илкка Канерва- сиёсатмадори финӣ президенти Ассамблеяи парлумонии САҲА мебошад. Мавсуф дар иҷлосияи 23-юми АП САҲА, ки соли гузашта дар Боку доир гардида буд, бо гирифтани 111 раъй Президенти АП САҲА интихоб гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






