Алӣ Қарадоғӣ: “Имкони ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст”
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар доираи Конфронси байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, 23 июли соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ мулоқот бо дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмони Давлати Қатар доктор Алӣ Муҳиддин ал-Қарадоғӣ баргузор гардида, масъалаи имкониятҳои ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки низоми бонкии ҷумҳурӣ омодааст ҳамкории дуҷонибаи судмандро бо сармоягузорони Давлати Қатар дар мавриди ташкили бонкҳо ва дигар муассисаҳои қарзии исломӣ ба роҳ монад.
Доктор Алӣ Қарадоғӣ гуфт, ки: «Дар Тоҷикистон бо ташкили бонкдории исломӣ метавон ҳамкориро бо сармоягузорони кишварҳои араб вусъат бахшид». Номбурда зикр кард, ки дар Тоҷикистон имконияти хуби ташкили як бонки бузурги исломӣ бо сармояи аз 100 то 500 млн. долл. ИМА бо иштироки ҷониби Тоҷикистон ва сармоягузорони Қатар вуҷуд дорад. “Аз ҷониби худ ман дар ҷалби сармоягузорони кишварҳои араб ва пешниҳоди намунаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии таъсиси бонки исломӣ саҳми худро хоҳам гузошт. Мо ҳамчунин омодаем гурӯҳи кории шуморо дар Қатар бипазирем ва оид ба масъалаи номбурда машваратро оғоз кунем”, -илова намуд Алӣ Қарадоғӣ .
Илова гардид, ки бонкҳои исломӣ метавонанд дар ин ҷо филиалҳои худро кушода, фаъолият намоянд, заминаҳои таъсиси ташкилоти сармоягузорӣ. ба монанди ширкатҳои кафолатӣ (суғуртавӣ) ва ҳамчунин ташкили муассисаҳои маблағгузории хурд вуҷуд доранд. Сармоягузорони Давлати Қатар дар музокироту машваратҳои минбаъда омодагии худро барои вусъат бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳор хоҳанд кард»,- бовар намуд доктор Алӣ Қарадоғӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






