Ғалабаи «Барселона» бар «Лос Анҷелес Гэлакси»
Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар». Меҳрони Қурбон).-Дар мусобиқаи пеш аз мавсимии Ҷоми байналмилалии чемпионҳо, ки дар ИМА ҷараён дорад, дастаи «Барселона»-и Испания дар варзишгоҳи Роуз Боул бо тими «Лос Анҷелес Гэлакси»-и Амрико рақобат намуд. Бояд зикр кард, ки вохӯрӣ бо бартарии футболбозони дастаи «Барселона» бо ҳисоби 2 бар 1 ба анҷом расид. Ёдовар мешавем, ки ҳамлагар Луис Суарес аввалин шуда, голи дастаи «Барселона»-ро ба ҳадаф расонд. Серхио Роберто дар дақиқаи 56-уми вохӯрӣ муаллифи голи дуюм гардид. Хотиррасон менамоем, ки тӯби ягонаи дастаи «Гэлакси»-ро Томми Майер дар дақиқаҳои иловагӣ вориди дарвозаи «Барселона» кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






