Ғалабаи бузурги «Равшан»- бар дастаи “Помир”-и Душанбе
Душанбе, 27.07.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони Курбон).-Шоми дирӯз чаҳор бозии дигари даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба поён расид. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар ба дарвозаи дастаи “Помир”-и Душанбе, ки аз ҳисоби бозингарони тими мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ташкил ёфтааст, нӯҳ голи беҷавоб зад. Ёдовар мешавем, ки голҳои дастаи «Равшан»-и Кӯлобро Шодибек Ғаффоров, ки се бор тӯбро вориди дарвозаи мизбонон намуд, хет-трик кард. Наврӯз Рустамов ду гол, Саидхони Амрохон, Бахтиёр Қаландаров, Акуффо Гершон ва Абдурасул Раҳмонов якголӣ ба нишон расонданд.
Хотиррасон менамоем, ки се бозии дигаре, ки рӯзи 26 июл баргузор шуд, чунин аст: Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дастаи «Исфара»-и Исфара — ро бо ҳисоби бузурги 7-0 шикаст дод. Бозии дастаи «Далерон-Ӯротеппа»- и Истаравшан бо дастаи «Барқи тоҷик»-и Душанбо бо ҳисоби 0-2 ва бозии дастаи «Чашма»-и Шаҳритус бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3-5 ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 рӯзҳои 4-5 август дар варзишгоҳои марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






