Ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҷавонони СҲШ дар Бошқирдистон
Душанбе,09.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар осоишгоҳи «Красноулсолск»- и ноҳияи Гафурии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай оғоз гардид, ки то 10 июл идома меёбад.
Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод, ки дар ҷаласа ҳайати ҷавонони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба корҳои анҷомдодашуда маълумот доданд.
Фаррух Иззатуллоев, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин ҷаласа вобаста ба дастовардҳои ҷавонон дар солҳои 2014-2015 ва тадбирҳои андешидашуда маърӯза намуд.
Интизор меравад дар кори ҷаласа фаъолияти солонаи Шӯро ва тасдиқи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2016, ҳамзамон лоиҳаҳои манфиатбахш баррасӣ гарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






