Ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон
Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 27 июли соли 2015 Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистонро баргузор намуд. Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти кунунӣ ва нақша-чорабиниҳои ояндаи клубҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар рафти ҷаласа 5 аъзои нав ба узвияти клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон қабул гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар рафти ҷаласа аъзоёни клубҳои ЮНЕСКО ба мувофиқа расиданд, ки бахшида ба 70 — солагии Созмони ЮНЕСКО муштаракан як қатор чорабиниҳо баргузор намуда, минбаъд баҳри боз ҳам тавсеа бахшидани ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО дар ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар фарҷоми ҷаласа ба тамоми аъзоёни клубҳои ЮНЕСКО гувоҳинома супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО баъд аз ду соли таъсисёбии Созмони ЮНЕСКО оғоз гардида, аввалин клуби ЮНЕСКО 19 ноябри соли 1947 дар шаҳри Сендайи Япония таъсис ёфт. Ҳадафи асосии клубҳои ЮНЕСКО ташвиқу тарғиби ғояҳо ва арзишҳои ЮНЕСКО дар ҷаҳон, мусоидат ба тафоҳуми байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва сулҳи умумиҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО соли 2011 дар ҳайати 4 клуб фаъол гардида буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






