Ҷаласаи Кумитаи интизоми ФФТ доир шуд
Душанбе, 04.07.2015,(АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон).-Дирӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи интизом баргузор гардида, дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:
Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Парвоз» — «Хайр» (28 июн) риоя накардани банди 32-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (кӯшиши расонидани таъсири ҷисмонӣ ба довар) бозингари дастаи «Парвоз» Маъруф Марифбоев аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад. Хотиррасон менамоем, ки дар бозии дигари чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» — «Барқи тоҷик» (27 июн) барои риоя накардани банди 18-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири сардовари бозӣ), бозингари дастаи «Барқи тоҷик» Ҳокимҷон Ҳасанов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум шуда, ба маблағи 300 (сесад) сомонӣ ҷарима баста шуд.
Бояд гуфт, ки дар бозии лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Зарафшон» — «Локомотив» (26 июн) барои риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан), бозингари дастаи «Зарафшон» Хайём Усмонов аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 (сесад) сомонӣ ҷарима баста шавад. Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Кӯктош» — «Эсхата» (28 июн) барои риоя накардани банди 33-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (баъд аз анҷоми бозӣ бо шатта задани ёвари сардоварӣ вохӯрӣ) бозингари дастаи «Кӯктош» Равшан Содиров аз ҳуқуқи иштирок дар даҳ бозии навбатии даста маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






