Ҷалби эҳтиётиён ба машғулиятҳои таълимии тирпарронӣ
Душанбе, 01.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбаркунӣ», чанде пеш бо ҷалби эҳтиётиёни комиссатиатҳои ҳарбии гарнизони Хатлон машғулиятҳои таълимии тирпарронӣ доир намуданд.
Чунин як чорабинии таълимӣ бо корбарии аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ, дар яке аз машқгоҳҳои ҳарбии минтақаи Хатлон ба роҳ монда шуд, ки дар он шаҳрвандони ноҳияҳои атрофи маркази вилоят ширкат доштанд.
Аз шумори нафарони ҷамъомада дар тамрингоҳ қисмати бештарро ҷавонони касбу кори гуногун ва шаҳрвандоне, ки тибқи уҳдадорӣ хизмати ҳарбиро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҷо овардаанд, ташкил доданд. Чунин нафарон ҳамчун қувваи эҳтиётии асосӣ зимни иштирок дар машғулиятҳо ва тирпаррониҳо маҳорату малакаи хуб нишон доданд. Ба гуфтаи масъулин, онҳо омодаанд дар ҳама гуна вазъият муҳофизи ҳақиқии халқ ва сарзамин бошанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






