Ҳалокати 3 нафар дар натиҷаи афтодани мошин ба дарёи Панҷ
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Рўзи 22 июли соли ҷорӣ соати 17:20 дар километри 192-юми роҳи Хоруғ-Ишкошим, мавзеи Тукул, ҷамоати деҳоти Вранг, деҳаи Дириж ронандаи мошини тамғаи «Чанху» Худойназаров Нурмаҳмад Сафармамадович, соли таваллудаш 1980, сокини деҳаи Ширгини ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим аз уҳдаи идораи мошин намебарояд ва мошин дар гардиши роҳ чаппа шуда, ба дарёи Панҷ меафтад.
Дар натиҷа 3 мусофири дохили мошин- Асадбеков Рустам Айлоқбекович, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи деҳаи Ширгин, ҷамоати деҳоти Вранг, Мирзобекова Фазилат Асадбековна, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи деҳаи Ширгин, ҷамоати деҳоти Вранг, Фарангизи Раҳим, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи деҳаи Ширгин, ҷамоати деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим дар дарё ғарқ шуда, беному нишон гардидаанд. Ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ҳоло кофтукоби ҷасади ғарқшудагон идома дорад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






