Ҳалокати ду ноболиғ дар садама
Душанбе, 29.07.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ),- Ронандаи мошини тамғаи “Opel-astra”, сокини 31-солаи Истаравшан 28 июл тахминан соати 15:30 ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшан, дар рӯ ба рӯи бозори марказӣ, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, сокини 12-солаи ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ин рӯз ҳамчунин ронандаи мошини “ Opel-astra ”, сокини 23-солаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, писарчаи 9-солаи сокини ҷамоати мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






