Ҳалокати велосипедрон дар садамаи нақлиётӣ

Июль 7, 2015 07:03

Душанбе, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ронандаи  мошини “TIKO”,  сокини 24-солаи ноҳияи Шаҳритуз ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард аз деҳаи Дӯстӣ ба деҳаи Каримови ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрон,  сокини 17-солаи ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа велосипедрон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВКД иттилоъ доданд, инчунин  ронандаи мошини тамғаи “Opel-vektra”, сокини 57-солаи ноҳияи Ҷ.Румӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён аз уҳдаи идораи мошин  набаромада, писари 16-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.

 

Июль 7, 2015 07:03

Хабарҳои дигари ин бахш