Ҳамадонӣ: корҳои таблиғотиро бояд пурзӯр кард
Ҳамадонӣ, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамоиши кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, фаъолон ва ҷавонон бо роҳбарияти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои қудратии ноҳия оид ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ доир гардид. Дар ҷаласа оид ба пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва бегонапарастӣ сухан рафта, зикр шуд, ки мутаассифона, як гурӯҳ ҷавонон бо сабабҳои гуногун ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил гардида, дар кишварҳои ҳамсоя ба қатлу ғорат машғуланд. Прокурори ноҳия ва сардори шуъбаи корҳои дохилӣ зикр карданд, ки то имрӯз 6 сокини ноҳия ба гурӯҳҳои ба ном Давлати исломӣ шомил шуда, дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд, ки нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия аз ҷой доштани 3 ҳолати худкушӣ ва панҷ ҳолати зӯроварӣ дар оила иттилоъ дода, суст ба роҳ мондани корҳои таблиғотиро дар ҷамоатҳои деҳот ва масҷидҳо боиси нигаронӣ унвон кард. Аз занону модарон даъват шуд, ки бо фарзандонашон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, дар алоқа бошанд, то ба дасисаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ фирефта нашаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






