Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи сармоягузорӣ

Июль 16, 2015 11:05

Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумита дар шашмоҳаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2015доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазири молия Қурбониён Абдусалом, вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ ва роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳо ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим аз рўи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар шашмоҳи аввал ва вазифаҳои Кумита барои нимсолаи дуюми соли 2015 маърўза кард.
    Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар  ҷаласа  таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи натиҷаҳои таҳлили кунунии фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ҷалб намуд. Фаъолияти натиҷаи кори беш аз 30 маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузии давлатӣ, иҷрои вазифаҳо аз ҷониби агентиҳои иҷроия мавриди баррасии васеъ қарор дода шуд. 
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ вобаста ба такмили фаъолияти Кумита ва сохторҳои он дар самти истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, ислоҳоти моликият, рушди соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ пешниҳодҳо намуда, баҳри рафъи камбудию норасоиҳо ба вазорату идоаҳо ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳо супоришҳои судманд дод.

 

Июль 16, 2015 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид