Ҷамоати Ҳиҷборак аввалин шуда нақшаи пилларо иҷро кард

Июль 7, 2015 07:06

Рашт, 07.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Пиллапарварони ноҳияи Рашт то имрӯз  22 тоннаю 665 кило пилла ҷамъоварӣ намуда,  нақшаи пешбинишударо  108 фоиз  ичро карданд. Мутахассисони корхонаи пиллахушккунии ноҳия нақша доштанд, ки 21 тонна пилла ҷамъоварӣ кунанд. 
Ба иттилои роҳбари Корхонаи пиллахушккунии ноҳия Фатҳуддин Саймаҳмадов  онҳо имсол навъи тухми чиниро истифода карда, аз 18 грамм  кирмак  ба ҳисоби миёна  35 килограмм  ҳосил гирифтанд.   Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак, ки 25 куттии 18 граммаи кирмак дошт, аввалин шуда аз он 1332 килограмм  пилла супорид. Яъне аз як  қуттии кирмак 53 килограмм  пилла ҷамъоварӣ шуд.  Ҳамчунин ҷамоатҳои Оби меҳнат ва Ҳойит  аз ҷумлаи аввалинҳо буданд, ки соҳиби қадрдонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.                                                                                                Тибқи иттилои манбаъ масъулини Корхонаи  пиллахушккунии ноҳия имсол ҳар як килограмм пилларо бо маблағи 9 сомонӣ аз пиллапарварон хариданд.                                                   

Июль 7, 2015 07:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад