Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими субот дар ҷомеа

Июль 3, 2015 09:57

    Душанбе, 03.07.2015.(АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади ҳифзи арзишҳои ваҳдати миллӣ, ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ миёни аҳолӣ, алалхусус миёни аъзои иттифоқҳои касаба, пешгирии  воридшавии шаҳрвандон  ба равияҳои тундгаро ва ифротӣ, мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, шарҳи амиқи ҳадафҳои созандаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат,  Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон   амалӣ намудани корҳои зеринро ба нақша гирифтааст:
    1. Тавсияи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат, тарбияи ҷавонону наврасон дар рўҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи пояҳои конститутсионии давлат ва пешгирӣ кардани ҳар гуна таблиғоти ғайр таҳти шиори «Ваҳдати миллӣ — мароми мост»  ба инобат гирифта  шавад.
    2.  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва  ташкилоти ҳамузви он вазифадор шаванд, ки масъалаҳои мазкурро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода,  ҳадафҳои асосии корҳои ташвиқотиро дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гиранд.
    3. Фаъолияти иттифоқҳои касабаро, ки ҳамчун омили муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад, баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрўза, чун тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, ифротгароӣ ва терроризм равона намуда, ҷиҳати барпо намудани ахлоқи ҳамида ва фазои солим дар коллективҳои меҳнатӣ мусоидат намоянд.
    4. Бо мақсади фарогирии корҳои ташвиқотӣ ҷиҳати гирифтани пеши роҳи тундгароӣ, ифротгароӣ ва дигар равандҳои номатлуб дар байни коллективҳои меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шаванд.
    5. Дар нақшаи чорабиниҳои мақомоту ташкилоти иттифоқҳои касаба, лагеру мавзеъҳои истироҳатии кўдакону наврасон, самтҳои асосии такмили масоили фаҳмондадиҳӣ мушаххасан ворид шуда, гузаронидани вохӯрихо дар мавзӯи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи Тоҷикистон  ба нақша гирифта шавад. 
    

 

Июль 3, 2015 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!