Ҳавои ғуборолуд то фардо боқӣ мемонад
Душанбе, 14.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳавои ғуборолуд ва абрҳои даргузар, ки шурӯъ аз шаби гузашта аз қисмати ҷанубу шарқии кишвар аз биёбонҳои Туркманистон ба ҷумҳурӣ ворид гардидаанд, то фардо боқӣ мемонанд.
Фардо,-мегӯяд Сайёра Навҷувонова, мутахассиси идораи обуҳавошиносии кишвар,- ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 20-26, рӯзона 38-43 дараҷа гарм, дар вилояти Суғд шабона 19 -24, рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳои вилояти Суғд ҳарорати ҳаво шабона 9-14, рӯзона 28-33 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 14-19 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 3-8. рӯзона 18-23 ва дар ғарби ҳамин вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Пагоҳ ҳарорати ҳавои пойтахти кишвар шабона 19-21 ва рӯзона 39-41 дараҷа гарм мешавад. Дирӯз, 13 июл ақрабаки ҳароратсанҷ ҳавои Душанберо дар марзи аз 40 боло — 40 -42 дараҷа гармӣ нишон дод. Имрӯз ҳавои Душанбе 37-39 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






