Ҷавони 18- сола бо ҷурми дуздӣ дастгир шуд
Душанбе, 01.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии №1-и ноҳияи Рӯдакӣ ҷавони 18-солаи пойтахтро дастгир карданд, ки дар рабудани мошини “Опел-Астра” гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Фархор ба ШВКД-1 муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум аз назди роҳи мошингарди бозори “Корвон”, мошини шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки арзишаш 24000-сомониро ташкил медиҳад, ғайриқонунӣ ронда бурдаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 қ. 2 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






