Ҷавонони ҳушманди тоҷик бар зидди ифротгароиянд!
Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Имрӯз, 14 — уми июн дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуби ҷомеа: терроризм, экстремизм ва маводи нашъадор» семинари илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ оғоз шуд.
Семинарро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед оғоз намуда, дар мавзӯи терроризм ва ифротгароӣ сухан гуфт. Баъдан Аламшозода Абдураҳмон Аламшо — муовини аввали вазири корҳои дохилӣ дар мавзӯи «Чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди амалҳои террористӣ » ҳарф зад. Баъдан раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҷавононро даъват кард, ки бояд ҳама якҷоя садди роҳи ҷавонони гумроҳ шаванд, то онҳо фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нагарданду барои Тоҷикистон хатар эҷод нанамоянд. Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо ба хотири боз ҳам қавитар намудани дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии онҳо мебошад. Меҳроҷ Ғуломов, раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н Хусрав дар мавзӯи «Амалҳои ба ном Давлати исломиро маҳкум месозем » ва Марзия Гекпаева, мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти ичроияи маҳаллии ВМКБ дар мавзӯи «Саҳми занон дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ», Зарифзода Маҳмадзоир Зариф, сардори ХПҲ НҶ ВКД ҶТ дар мавзӯи «Таҳлилхои оморӣ ва сабабу омилҳое, ки ҷавононро ба гурӯҳҳои экстремистию ифротгароӣ ҷалб мекунанд» андешаҳояшонро баён карданд.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 150 ҷавон аз минтақаҳои гуногуни кишвар барои иштирок дар семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ- ифротгароӣ » бо шиори «Мо Бадахшон меравем » дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






