Аъзои ММ қонунҳои наву мукаммалро ҷонибдорӣ намуданд

Июль 21, 2015 11:17

Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳудуди беш аз 30 масъалаи фарогири  ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар 21 июл дар иҷлосияи дуюми палатаи болоии Парлумони кишвар, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ баргузор гардид, аз сӯи аъзои палатаи болоии Парлумон матраҳ гардид.
          Аъзои Маҷлиси миллӣ се қонуни конститутсионӣ-  Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова  ба Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин ду қонуни наву мукаммал « Дар бораи таъмини амнияти экологии  нақлиёти автомобилӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»-ро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мақомоти  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. 
      Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёрзода, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Фарҳод Раҳимӣ, Раҳмоналӣ Амирзода ва Маҳмадюсуф Имомов ҳадаф ва моҳияти асосии масъалаҳои баррасишударо тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки қонунҳои мазкур бо мақсади таҳкими волоияти қонун, таъмини амният ва суботи кишвар, адолати судӣ, баланд бардоштани масъулияти судяҳо, рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва такмили қонунгузории кишвар таҳия ва ҷонибдорӣ гардидаанд. 
      Дар иҷлосия ҳамзамон ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо  ворид  шуданд.  

Июль 21, 2015 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд