Ба маблағи 18,7 млн. доллар неруи барқ фурӯхта шудааст
Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар, Акрам Ҳаитов).-Мувофиқи маълумоти пешниҳод кардаи Исҳоқӣ Даврон — муовини раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» имрӯз дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ, дар давоми 6 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар мамлакат 7 млрд. 210,8 млн. киловатт- соатро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 406,5 млн. киловатт-соат неруи барқ зиёд аст. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ дар неругоҳҳои барқи обии ширкати «Барқи тоҷик» ба 7 млрд. 8 млн. кВт.соат, дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 199,1 млн. кВт.соат ва дар неругоҳҳои барқи обии хурд ба 3,7 млн. кВт.соат баробар шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки бо мақсади таъмини соҳаи саноату иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи барқ дар давраи моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 1 млрд. 346,4 млн. кВт.соат энергияи барқро ба маблағи 32,4 млн. доллари ИМА харидорӣ намудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта хариди энергияи барқ дар ҳаҷми 55,8 млн. кВт.соат, ё ин ки ба маблағи 3,3 млн. доллари ИМА зиёд мебошад.
Дар баробари ҳамин ҳаҷми содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ нисбат ба 6 моҳи соли 2014 дар ҳаҷми 47,2 млн.кВт. соат афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 544,3 млн. кВт.соат расонида шудааст. Содироти энергияи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 504 млн. кВт.соат ба маблағи 18,6 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст. Маблағи умумии энергияи барқи содиротшуда дар нимсолаи аввали соли 2015 ба 18,7 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2,4 млн. доллари ИМА зиёд мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






