Бахши англисии сомонаи нави «Ховар» фаъол шуд
Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бахши англисии сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав ба шабакаи ҷаҳонии Интернет баромад.
Бахши нави англисии сомона мисли бахшҳои тоҷикӣ ва русии сомонаи нави АМИТ «Ховар» бо истифода аз усулҳои навтарини барномасозии муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои сомонаҳои хабарии ҷаҳонӣ таҳия шудааст, ки аз шакли қаблии худ бо тарҳ ва имконоти фаровони дастрасии осону фаврии хабарҳо фарқ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки тамоми мавод бо фаврияти баланд ва саҳеҳият дар сомонаи расмии АМИТ «Ховар» бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷойгир карда мешавад. Инчунин, рӯзҳои наздик мавод бо забонҳои арабӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ низ ҷой дода хоҳад шуд. Ояндаи наздик ба кор даровардани бахши чинӣ ҳам дар назар аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






