«Барқи Тоҷик»: Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ қарзҳои худро пардохт накардааст
Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар, Акрам Ҳаитов).-«Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар давоми 6 моҳи соли равон 771, 2 млн. сомонӣ маблағ аз ҳисоби фурӯши неруи барқ ҷамъоварӣ намудааст, ки ин зиёда аз 92 фоизи маблағҳои ҳисобшударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 229,7 млн.сомонӣ зиёд аст». Ин матлаб аз тарафи роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» дар нишасти матбуотӣ барои журналистони ватаниву хориҷӣ имрӯз садо дод.
Дар 6 моҳи соли 2015 корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи 13,8 млн.сомонӣ неруи барқро истифода намуда, пардохти онро ҳамагӣ ба маблағи 1 млн. сомонӣ (7,2%) таъмин намудаанд, ки ин ба вазъи молиявии ширкати «Барқи тоҷик» таъсири манфӣ мерасонад, — гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






